БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” АМАЛӢ ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ   дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ бо  ҷалби зиёди аъзо ва ҷонибдорони ҳизбиву  аъзои намояндагии   ТҶҶ  “Созандагони  Ватан”, волонтёрони  ҳизбӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҲХДТ  бахшида  ба  Рӯзи таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон, Аксияи  ниҳолшинонӣ  таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”, дар маҳаллаи “Ҳақиқат”-и Ҷамоати деҳоти Иттифоқ  беш аз  150 адад  ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ  шинонида  шуд.

Дар  маъракаи  ниҳолшинонӣ  ва  ободонии  ин  гӯшаи  диёрамон  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон   Қиёмиддин  Абдусаломзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов,   саҳми  худро  гузоштанд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом бо иштироки ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар тамоми  гулгашту  хиёбонҳо  ва роҳравҳои  ҳудуди  қаламрави  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ   сурат  гирифтаву  ин  иқдом  идома  дорад. Мусаллам аст, ки ҳадаф  аз баргузории аксияи мазкури ҳизбӣ  ободу зебо гардонидани  кишвари  азизамон  -Тоҷикистон, саҳм гузоштан  дар ободии диёр дар доираи истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгулшукуфии  Ватани  азизамон  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg