ТЕМУРМАЛИК. Дар Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID- 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷайралӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, рияои талаботи қоидаҳои санитарӣ, захираи маводи хӯрока бо истифода аз самаранокии заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ андешаронӣ кард, иштирокдоронро барои иҷрои амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд.
Дапр охир пас аз иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.