БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо донишҷӯёни Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ва вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни суҳбат  масъулини ҳизбӣ ҳамаи иштирокдорони вохӯриро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфта, ба онҳо дар сиҳативу саломатӣ ва дар хонишҳои ояндаашон бурдбориҳоро таманно намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад ва Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд карда, солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg