
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии волонтёрон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ семинар-машварат бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон баргузор намуданд.
Зимни баргузории семинар-машварат мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоева Гулрухсор иштирокдоронро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, ба онҳо сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳо таманно намуда, қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад ва афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Солиҳов Фаррух иброз намуд, ки бо истифода аз дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон - Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.