БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба нафъи мардуми кишваранд

ВАХШ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ва ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар мулоқот  бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд, бо иштироки раисони ташкилотхои ибтидоии хизбӣ, бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ҳизб маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир карда шуд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  ифтитоҳ  намуда, иштирокчиёни онро ба оғози моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод намуд.

Сипас ба муҳокимаи рӯзномаи маҷлис масъалаи таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд» пешниҳод намуд. Баъди тасдиқи рӯзномаи маҷлис барои баррасии масъалаи зикргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  ба сухан баромада, дар бораи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Рахмон, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар суханрониашон бо аҳли ҷомеаи кишвар ироа гардида буд, ба таври муфассал ахборот дод. Қайд карда шуд, ки шукургузорӣ аз фазои осудаву ором ва ифтихор намудан аз дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон бояд одати ҳамешагии ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ бошад. Дар ин радиф мубориза бурдан бар зидди  ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар маҳал қарзи муқаддаси ҳар як аъзои бо нангу номуси ҲХДТ маҳсуб меёбад.  Бо дастури Пешвои миллат то ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ҳар як фарди ватандӯстро лозим аст дар ободии диёри худ саҳми арзандаи хешро гузорад. Такроран зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ба мардуми кишвар ғамхории навбатии инсондӯстона зоҳир намуда, дастур доданд, ки то ҷашни 30-солаги дар тамоми маҳаллаву деҳот марказҳои хизматрасонии маишӣ, марказҳои саломатӣ бо утоқҳои таваллуди модарон, утоқҳои гузаронидани хатна ва бунёди синфхонаҳои иловаги сохта ба истифода дода шавад. Ин иқдомоти Пешвои миллат аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис бо хушнудӣ пазируфта шуда, бо кафкӯбиҳо истиқбол карда шуд. Дар охир ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ вазифадор  карда шуданд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ахборот пешниҳод намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg