
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 сола мешавад. Ин муҳлат дар ҳаёти як Ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест ва мо аз таърихи сиёсии ҷаҳон аҳзоберо медонем, ки садсолаҳо фаъолият доранд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳизби мо мисли чашмаи мусаффоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта истодаанд. Самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёту фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа иштироки фаъолона дорад ва барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд.
26 сол муқаддам дар давраҳои тақдирсозу барои давлату мардуми мамлакат басо душвори барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва иқтисодиёти комилан фалаҷгардидаи кишвар, бо ибтикори Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сиёсии мамлакат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бешак дар он давраҳои басо ҳассос дар фазои ноороми сиёсии кишвар ҳизбе лозим буд, ки таҷҷассумгари ғояҳои волои миллӣ ва таҳрикдиҳандаи хисси хештаншиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти милливу муҳаббат ба Ватан ва таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ бошад. Зеро таърихи начандон дури кишвар гувоҳ аст, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар кишвар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии зиёде арзи ҳастӣ доштанд, ки онҳо нафақат таблиғгари ҳадафҳои миллиамон шуда натавонистанд, балки дар ҳимояи манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ ва бедор кардани ҳисси маҳалпарастӣ дар ниҳоди мардуми зиёди мамлакат ба решаи ормонҳои миллиамон теша зада, Ватани тинҷу оромро ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашиданд.
Дар муддати начандон тӯлонӣ Тоҷикистони зери ҷангу оташмонда ба парокандагию ҳалокат дучоршуда, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз бо чи қадар бозсозиҳо, бунёдкорӣ, тараққиёту пешрафт, муттаҳидию осудагӣ, файзу баракат ва тинҷиву амонӣ ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст.
Расидан ба қадри соҳибихтиёриву давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳсоси баланди ватандориву ватанпарастӣ, ҳушёрии сиёсиву маънавӣ, пос доштану арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои стратегӣ мебаранд.
Моро лозим аст, ки дар рафти мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро дар ҳама самтҳо шарҳу тавзеҳ дода тавонем. Аз ҳамин хотир мо бояд тамоми чораҳоро андешем то ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷашнҳои дигари дарпешистода фаъолона ширкат варзанд ва дар тақвият додани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ ва барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзанда гузоранд. Басо рамзист, ки мо мардуми шарифи кишвар имрӯзҳо дар остонаи ҷашни пурифтихори давлату миллат- Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Тантанаи 26 солагии он дар радифи дигар санаҳои муҳими таърихии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мақоми арзанда дорад ва имрӯз мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ метавонем аз пирӯзиву дастовардҳо, обрӯи байналмилалӣ ва мавқеи устувори сиёсии он ифтихор намоем.
Ҳизбиёни вилояти Хатлон ва дар симои онҳо кулли мардуми кишварро ба муносибати 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, барои расидан ба ормонҳои олӣ муваффақият ва пешравиҳоро таманно дорам.
Зебо Бозорова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон