
ШАҲРИТУЗ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва 26 - солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон вобаста ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва нақши волонтёрон дар чорабиниҳои ҳизбӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро бо санаҳои муҳими таърихӣ муборакбод гуфт. Инчунин, дар идомаи суҳбат бо дастгирии аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ” як нафар волонтёри соҳибтаҷриба барои иштирок ба аввалин Форуми «Волонтёрони ҳизбӣ» интихоб гардид.