БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”. Фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   бо  мақсади  кабудизор  ва сабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёр дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони  «Кабудизоркунии  маҳал вазифаи ҷонии мост!» ва “Якҷоя месозем!”-ро  доир  намуданд.

Аъзои  ҳизб, фаъолон, кормандони  ташкилоту  маассисаҳо, сокинон  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ба  ҳашари  дастаҷаъмона  баромада,   дар  боғи  фарҳангии  ноҳия зиёда  аз  500 бех  дарахтони хамешасабзи  арчаро  шинониданд. Чунин иқдоми неку созанда бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста идома дошта, сокинони ноҳия азм доранд, то ҷашни ин санаи пурифтихори миллат симои ноҳияро бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ куллан дигар намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg