
ФАРХОР. Дар доираи нақша – чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро дар ҳудуди ноҳия бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Намояндагони ҳизбӣ оид ба пешгирии бемории мазкур бо сокинони деҳа суҳбат намуда, қайд карданд, ки ҳангоми бо ҳайвонҳои хонагӣ наздик шудан аз дастпӯшакҳои яккарата истифода бурда, баъди анҷоми кор дастонро бо собун ва маҳлулҳои безараргардонӣ шӯянд. Инчунин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сокинон маводҳои таблиғотӣ, ниқоби муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои тиббӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд.
Ҳамзамон, оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки истифодабариашон дар шароити имрӯза зарур ба шумор меравад, маслиҳатҳои муфид доданд.