
ПАНҶ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии волонтёрон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон баргузор намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулин иштирокдоронро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, ба онҳо сулҳу суботи саросарии кишвар, рушди босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, зина ба зина беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардум, густариш ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ин замина баланд гардидани нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ, арзёбӣ карданд.
Сипас, ҳамоиши ҳизбӣ бо баромаду саволу ҷавобҳои ҷолибу судманд анҷом ёфта, ҷаъомадагон барои баргузории чунин чорабинии тантанавӣ ба масъулин изҳори миннатдорӣ баён карданд.