БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБИ ҲАР ШАХС ХУДИ ӮСТ

ВОСЕЪ.  Бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемории сироятии коронавирус аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва  гурӯҳи таблиғотӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст”-ро  баргузор намуданд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос масъулини ҳизбӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар рафти Аксияи ҳизбӣ аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои пурратар ва возеҳтар ба сокинон фаҳмонидани муҳтавои ин беморӣ варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg