БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ХУРУҶИ ДУЮМБОРАИ COVID - 19

ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Ситораи Тобони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бо усули “хона ба хона” намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар фаслҳои тирамоҳу баҳор хуруҷ карда, ба саломатии инсон бетаъсир намемонад. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки дар ин фаслҳо худро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва истеъмоли ғизои солим аз бемориҳо ҳимоя намоем.

Ҳамзамон, дар ин раванд аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва оилаи худро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg