ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Туябуюни ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири бахши ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Гулонов Фирдавс оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки рӯзи 12 май соли 2018 шуда гузашт, суханронӣ намуд.
Инчунин, дар ин росто масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба некӯаҳволии сокинон равона карда шудааст, андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ талқин намуд.