БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРСАБЗИВУ ХУРРАМИИ ВАТАН САРБАЛАНДИИ МОСТ!

НОРАК. Шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ ва ба ин васила сарсабзу зебо намудани гӯшаҳои мухталифи Ватани маҳбуб аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти  унвони “Якҷоя месозем!” ҳизбиёни шаҳри Норак, аз ҷумла кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва солим нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзи табиат  дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинониданд.

Бояд қайд намуд, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ волонтёрони ҳизби низ иштирок намуда, саҳми худро дар обод намудани як гӯшаи диёрамон гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg