
АНДЕША. Мусалам аст, ки сиёсати ҳар як давлат дар доираи афкори ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҷониби ҷомеа раъйи бештарро касб мекунад, амалӣ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди кишварро мебинад ва аксари мардуми кишвар аъзо ва ҷонибдорӣ ин ҳизби меҳварист. Рӯз аз рӯз афзоиш ёфтани сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвар бозгӯи он аст, ки ин ҳизб воқеан ба як неруи бузурги сиёсӣ дар кишвар шинохта шуда, асоси барнома ва оинномаи он аз умқи дили мардум сарчашма мегирад. Ин нишондод барои ба ҳақиқат табдил ёфтани орзуву ормони тамоми мардуми Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта, дар арсаи ҷаҳонӣ низ бобати шинохти давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки бисёре аз аҳзоби сиёсии дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкории муштарак дошта, дар доираи табодули таҷриба дар масири давлатдории навин бо ҳамдигар кору пайкор мекунанд.
Метавон бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои шинохти миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гомҳои устувор гузошт ва кишвари моро аз буҳрони шадиди иқтисодию сиёсӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ вораст.
Барои мардуми оддӣ аз ҳама муҳимтар сулҳу рафоқат ва зиндагии орому осоишта лозим буд, ки хушбахтона мо ҳамагон дар партави Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин рӯзҳои босаодат расидем ва бобати боз ҳам рушд ёфтани ҳама ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар меҳнати софдилонаи ҳар як аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон лозим аст.
Нишондоди аз ҳама нигаронкунандаи давлатдории мо дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ин афзоиши фақру нодорӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон буд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ шудани тадбирҳои мушаххас ин мушкилот тамоюли пастшавиро ихтиёр намуда, рӯз аз рӯз мардуми Тоҷикистон ба рӯзгори босаодат наздик мешаванд. Агар дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи фақр дар кишвар зиёда аз 80 фисадро ташкил медод, тибқи таҳлилҳо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ин нишодод ба 27 дарсад омада расидааст, ки ин барои давлатдории навини мо нишододи хеле бузург аст. Ҳамчунин амалӣ гардидани як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ, ки аз Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад, бахусус оғози сохтмони бузурги иншооти моҳияти стратегидошта ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон натиҷаи давра ба давра татбиқ шудани Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки тамоми мардуми кишвар аз чунин муваффақияту пешрафт бо қаноатмандӣ шукргузорӣ менамоянд.
Дар маҷмуъ 26 сол аст, ки ин ҳизби сиёсӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро дар атрофи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ сохта, дар роҳи бунёди давлати озоду ҳуқуқбунёд кӯшишҳои пайгирона намуда истодааст. Рӯз аз рӯз сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби насли ҷавон пурра гардида, барномаи амали он орзуву омол ва ояндаи дурахшони ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон гардидааст. Натиҷа ҳамин ҳаст, ки дар интихоботҳои соли равон дар кишвар роҳандозӣ гардида, сар карда аз мандати ҳизбӣ то аъзои он дар парлумони касбӣ шумораи бештарро намояндагони ин ҳизби меҳварӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар маъракаи интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади арзанда-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум бо дастгирии кулли аҳолии қобили овоздиҳӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки барои ҳар як аъзои мо ин ифтихори бузург аст.
Биноан, шинохти миллат ва давлати навтаъсиси Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз оғози расмӣ ва фаъолияти сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки дар оянда кишвари моро аз ин дида бештар ободу муаррифӣ месозад.
Назарзода Толибҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин