БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми имсолаи Пешвои миллат ба сокинон руҳу илҳоми тоза бахшид

БОХТАР. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи вилоят» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Ҳакимова Волида оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Қаҳоров Искандар  дар назди ҷамъомадагон оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сухан баромада, қайд намуд, ки аз Паём то Паём вазъи некӯаҳволии мардуми кишвар беҳтар гашта истодааст ва шукронаи онро мекунем, ки дар фазои кишвар сулҳу оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо аст.

Паёми имсолаи Сарвари давлат бо таҳлили вазъи олам оғоз гашта, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки обу хоки Ватанро ҳифз кунад. Ҳанӯз соли сипаришуда Пешвои миллат дар Паёми худ хеле ғамхорона доир ба мубориза бо экстремизму терроризм сухан карданду пешгирии ин амалро яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ номиданд.

Дар поёни вохӯрӣ ба раиси ташкилоти ибтидои Назарзода Бахтиёр барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg