БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ДОРОИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОРОНА

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сармантой-1” вохӯрӣ доир намуд.

Масъулин зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ  ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода намоем ва дар замири сокинон ҷой кардани риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад.

Дар ҷараёни суҳбат аз иштирокдорон даъват ба амал оварда  шуд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg