БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Нахуст, зимни сафари корӣ муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдӯлоҳи Рӯдакӣ  вохӯрӣ бо роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва аъзоҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор намуданд.

То оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи Донишгоҳ китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шуда, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ роҳандозӣ карда шуд, ки меҳмонон аз рафти он дидан карданд.

Сипас, Хайринисо Юсуфӣ дар оғози семинар-машварат ба сухан баромада, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ -  интихоботи парлумонӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шаҳри Кӯлоб изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Дар идома Миралиён Қиёмиддин низ суханронӣ карда, баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбест, ки аз умқи дили мардум маншаъ гирифта, ҳамеша пайи хидмати мардум  қарор дорад. Илова бар ин, мавсуф  вобаста ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфид дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg