
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кӯдакистони №5”-и деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбатҳо масъулин вобаста ба баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас, аз овони хурдсолӣ дар замири онҳо ҷой кардани меҳри ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ андешаронӣ карда, афзуданд, ки кӯдакон давомидиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат мебошанд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, муҳофизати кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус суханронӣ карда шуда, иштирокдорон ба амалҳои созанда раҳнамоӣ карда шуданд.