БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои тақсими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иктисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд.

Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кониститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оинома ва Барномаи худ амал мекунад. Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбик намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти  миллӣ, мавқеъи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя  намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Ҳизб метавонад дар ташаккул додани ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ иштирок намояд.

Ҳамин аст, ки ҲХДТ дар тӯли фаъолияти пурсамари худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсию  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  обрӯ  пайдо  карда,  ҳамчун ҳизби ғамхор,  мушкилкушо, содиқ ба халку миллат рӯз то рӯз шуҳрату шоми худро дарёфта истодааст.

Айни замон миқдори аъзоёнаш афзоиш ёфта, шароити кору пайкораш хубу назаррас  миёни  ҷомеа  намоён  гардида,  умеду ормонҳои мардум ба ин ҳизби ободкору созандаи ҷомеа, ки аз барномааш бармеояд, вобаста мебошад.

Ҳизби мо дар ҳақиқат ҳизби халқӣ  буда,  баҳри расидани орзую умеди халқ ба зиндагии шоиста саъю талош намуда истодааст.

Бовар дорам, ки дар ояндаи начандон дур мо ба ваъдаю барномаи қабулнамудаи сарварамон муваффақ хоҳем гардид.   

Каримзода  Пирмуҳаммад Авғон,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg