БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ БА ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ба шаҳри Кӯлоб  сафари корӣ анҷом дода,   аз бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Зимни боздид аз Китобхонаи назди Кумитаи иҷроия ва дигар утоқҳои корӣ ба масъулин баҳои баланд дода, қайд намуд, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Раиси  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аъзои ҳизб тамоми чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд.

Баъди боздид аз утоқҳои корӣ, Хайринисо Юсуфӣ муовини Раиси ҲХДТ  ва Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҳамроҳии раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор аз рафти фаъолияти ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан карданд.

Дар ҳамин замина  Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин  ба аёдати  Аслбӣ Шарипова, Мирзо Бегматов ва ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷеҳра Содиқова  ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи  собиқадорони ҳизбу меҳнат аз наздик шинос шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg