БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН АЗ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Восеъ семинар- машварати ҳизбӣ бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи семинар-машварат муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ атрофи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавӣ, аз ҷумла дастгирии маъюбон, ятимон ва барҷомондагон, рушди ҳунармандӣ, маориф, тандурустӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.
Сипас, дар семинар - машварат, ки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд, вобаста ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи аксияҳои ҳизбӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин иброз гардид. Дар охир  иштирокдорон аз баргузории семинар-машварати ҳизбӣ таассуроти нек бардошта, барои ташкилу баргузории чунин  ҳамоиш изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg