А.ҶОМӢ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ соати сиёсӣ гузаронида шуда, дар баробари он масъулини ташкилотҳои ҳизбиро бори дигар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳизбӣ, самаранокии фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва тақвият бахшидани ҳаракати аъзои ҳизб вазифадор карда шуданд.