БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм ба сари мардум бадбахтӣ меорад

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузо­­рии мулоқоту во­­х­­ӯриҳои Кумитаи иҷрои­я­и ҲХДТ дар ноҳияи­­ В­а­хш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод» атр­офи самтҳои афзалиятноки фаъолияи ҲХДТ ва дар мавзӯъи мубориза бар зидди терроризму экстремизм доир ­карда шуд.

­­Мудири  ш­уъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Кумитаи иҷроияи  ҲХД­Т дар ноҳияи Вахш ­Камолов Сафаралӣ ва ра­иси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод» Раҳимов Аслидин ишти­р­ок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки терроризму экстремизм зуҳуроте мебошад, ки ба амнияти тамоми сайёра таҳдид намуда, ба равандҳои рушди муносибатҳои байналхалқӣ ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон хатар эҷод менамояд. Терроризму экстремизм ва радикализм дар якҷоягӣ маҷмӯъи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барангезандаи ҷангу низоъҳо, қатлу куштору даҳшату ваҳшоният ва бадбахтиҳои инсоният ба шумор меравад. Маълумотҳои ҷойдошта шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир раванди шомилшавии наврасону ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ яке аз мушкилоти  ҷиддӣ табдил ёфта, қишри солимфикру соҳибандешаи ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳангӣ миллии хеш ифтихор намоянд,  барои ҳимояи марзу буми кишвар  ҳамеша омода бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg