ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Найсон” бо сокинон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи Аксияи ҳизбии «Деҳаи ман» баргузор намуд.
Дар рафти суханронӣ шахси масъули ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки тамоми масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад, андешаронӣ карда, сокинонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Деҳаи ман” ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуд.