ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии сокинон дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Меҳвар” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанова Нигора дар бораи терроризму экстремизм ҳамчун хатари хавфноктарин ба ваҳдату икстиқлолият ва амнияти миллӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки мақсади асосии гурӯҳҳои ифротӣ ноором сохтани фазои ҷомеа, бо ҳар роҳу восита ба доми худ кашидани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳама вақт хушёру зирарк бошем ва нагузорем, ки нохалафе бо ниятҳои нопоки худ фазои сулҳу ороми моро халалдор созад.