ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳибии Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл” Ӯзбеков Нусратулло бо сокинони деҳаи Панҷрӯд мулоқот доир намуда, мавсуф дар баромади хеш оид ба худдорӣ намудан аз мавҷи дуюми бемории COVID-19, кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ва сахм гузоштан дар рушду ободии Ватан бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иштирокдоронро барои татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд. Дар навбати худ ҷамъомадагон вобаста ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд, ки то ҷашни пурифтихори давлату миллат аз хонаи худ сар карда то маҳали зисташон сахм хоҳанд гузошт.