ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” аз рафти фаъолият ва ҳуҷҷатгузории онҳо дидан намуда, бо раисони ташкилотҳои ибтидоии мазкур суҳбатҳои судман оростанд.
Ҳамзамон, Хайринисо Юсуфӣ ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро аз назар гузарониданд ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъули ҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.