БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО АЗ COVID-19 ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамарӯза мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро  оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир намуда истодаанд.

Бо ин мақсад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубону корҳои тарғиботиро миёни сокинони маҳаллаи Ҷамоати шаҳраки Балх гузаронида, ҷиҳати пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.  Мавсуф  дар рафти суҳбат сокинонро ба риояи гигиенаи шахсӣ, бе зарурат ба кӯча набаромадан ва риоя кардани реҷаи ниқоби муҳофизатиро раҳнамоӣ карда,  таъкид намуд, ки худ ва наздиконатонро аз ин бемории ҳамагир эҳтиёт кунед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg