ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари кории худро идома доданд. Дар ин сафар бо иштироки муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва дигар ҳизбиён аз Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ дидан карданд ва дар шинонидани зиёда аз 1000 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз дар деҳаи Қайнари Ҷамоати мазкур ширкат варзиданд.