БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- РАҲНАМОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, алалхусус пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, шомилшавии шаҳрвандон аз гурӯҳҳои фиротӣ, амалҳои коррупсиониву дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро  барои татбиқи ҳадафҳои созанда даъват намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg