ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Давад - Ҳалқаёр” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ андешаронӣ карданд.
Зимни иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.