ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватн” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа ҳиссагузорем” бо усули «хона ба хона» баргузор намуданд.
Аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва дагар бемориҳои сироятиро тақсим карда, баҳри риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.