ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави амалигардонии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, маърифат, малака ва сатҳи суханронӣ, баландбардории маҳорати касбӣ, мутолиаи асарҳои илмиву бадеӣ, ҳамчунин дар ин замина беҳтар шинос гардидани ҷавонон аз таъриху тамаддун, фарҳангу маданият, мероси ғании адабиёти классик ва муосири тоҷик аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба тамошои Осорхонаи Ҳулбук рафтанд.
Аз тамошои Осорхона ҷавонон аз таърихи гузаштаи аҷдодони худ огаҳӣ пайдо намуданд ва шиносоӣ бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст, ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшид.