ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар бозори Ҳулбуки Ҷамоати деҳоти Гулистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Саломатӣ гавҳари бебаҳост” гузаронида шуд.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии каронавирус тақсим намуда, ба онҳо вобаста ба ин беморӣ маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамзамон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иброз намуданд, ки риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои тиббӣ, пайваста дастонро бо собун шустан барои саломатии худи мо ва наздикон муфид мебошад. Биёед, ин қоидаҳоро риоя намуда, алайҳи ин бемории сироятӣ дастаҷамъона мубориза барем ва барои саломатии наздикону пайвандон саҳми худро гузорем.