БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРӮИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва дар дили онҳо бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникии ба номи Рустами Холалӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ин зуҳуроти номатлуб - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат ва эҷоди бесарусомониҳо мебошад.
раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии “ЛКТ” Назаров Раҳматулло қайд намуд, ки имрӯз терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Бинобар ин ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем.

Дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо тақлидҳои кӯркӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд ва инчунин қоидаҳои гигиениро риоя намуда, пайваста аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg