БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Имрӯз, 28-уми ноябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, узви Кумитаи марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳайати корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ,  аз ҷумла муассисаи таълимӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дидан намуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бунёд мегардад, аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ  иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино соли 2019 оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ба иттилои масъулини кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар назар аст, ки бо вусъат додани корҳо дар ин самт дар наздиктарин фурсат бинои маъмурии ҳизбиро ба истифода медиҳанд.

Кормандони ҳизбӣ алҳол дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият мекунанд. Баъди ба  истифода додани бинои ҳизбӣ мушкилии норасоии утоқи корӣ ва ҷойи нишаст барои корманои кумитаи иҷроияи ҳизб бартараф гардида, масъулин бо тамоми шароити корӣ ва дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин мегарданд.

Узви Кумитаи марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон двр вилояти Хатлон  Миралиён  Қиёмиддин Абдусалимзода ба рафти корҳо, сатҳу сифати онҳо аз нздик ошно шуданд ва дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти маъмурӣ бо ороишоти баланд анҷом пазируфта, ҳамзамон атрофи бинои ҳизбӣ  гулпӯш гардонида шавад.

Иншооти ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, маблағгузор ташкилотҳои ибтидоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 22-23-юми сентябри соли равон бо ташрифи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба вилояти Хатлон чаҳор бинои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода  қарор гирифта буданд.

Ҳамчунин гурӯҳи корӣ ба шароити зиндагӣ ва аз аҳволи чанд тан собиқадорони меҳнат, ки дар таҳки ва амалишавии ҳадафҳои олии давлат ва ҳукумат саҳми босазо гузоштаанд, ошно гардиданд.

Сипас, дар маркази ноҳия бо ҳузури ҳайати корӣ рӯзи қабули шаҳрвандон доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  арзу матлаби чанд тан сокинони ноҳияро шунида, ба масъулини соҳа барои ҳалли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg