БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ САМАРБАХШИ ҲИЗБИЁН

Имрӯз, 27 ноябри соли равон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода тибқи дастуру  супоришҳои роҳбари ҳизб ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳайати корӣ аз фаъолияти якчанд ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, ба масъулини ҳизбӣ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар фаъолиятҳои онҳо дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, масъулин аз шуъбаҳои эҳёгарӣ, таваллуд ва ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия дидан намуда, ба шароити табобати беморон аз наздик шинос шуданд.

Таъкид шуд,  ки дар беморхонаи марказии ноҳия дастгоҳҳои муосир мувофиқ ба  талаботи рӯз ворид гардидааст, ки мутахассисони соҳа метавонанд ҳангоми кор аз онҳо самаранок  истифода баранд.

Бояд қайд кард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳамин аст, ки технологияи замонавӣ  барои беҳтару хубтар ташхису дармон  бахшидан ба беморон аз давлатҳои хориҷ ба муассисаҳои тандурустии кишвар ворид шуда истодааст. Гурӯҳи корӣ бо чанде аз  беморон бобати хизматрасонии тиббӣ суҳбат анҷом  доданд.

Ҳамин тариқ, маводи моддӣ аз номи Раиси муаззами ҲХДТ ба собиқадори ҳизб, шоири ширинкалом Алимуҳаммад Муродӣ низ расонида шуд. Шоир аз Пешвои миллат, Президентӣ кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу минатдорӣ намуда, китоби тозанашри худро, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст, ба Хайринисо Юсуфӣ ва Миралиён Қиёмиддин бо  гузоштани соядасти хеш тақдим кард. Ҳамзамон  ӯ чанде аз чакомаҳои хешро дар васфи Ватану Пешвои миллат дар ҳузури меҳмонон қироат намуд.

Алимуҳаммад Муродӣ, Шоири ҳалқии Тоҷикистон бо осори пурғановат ва шеърҳои баландмазмуни хеш  миёни адибони кишвар ва  берун аз он мақоми хоссаеро дорост. Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш Алимуҳаммад Муродӣ аз ҷониби Пешвои миллат бо унвони баланди давлатӣ ­ - “Шоири халқии Тоҷикистон”мушарраф гардид.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат аз рӯзгори ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов бохабар гардиданд. Номбурда бо суруду таронаҳои дилкаши хеш табъи меҳмононро болида гардонид ва миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт.

Ҳайати корӣ дар  анҷоми сафар бо аъзоёни ҳизб вохӯрӣ доир намуданд, ки дар он перомуни ҳадафҳои барномавии ҳизб, ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои уҳдадориҳои ҳизбӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи аксияҳои ҳизбӣ табодули назар карданд.

Шуъбаи иттилот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg