БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Мавриди ғамхорӣ қарор гирифтани собиқадорони ҳизб дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гувоҳӣ бар он аст, ки ашхоси ниёзманду барҷомонда дар иду ҷашнҳо дастгирӣ ёфта, масъулин аз аҳволи онҳо мудом бохабар шуда меистанд.

Дар ноҳияи  Фархор кумаки моддии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба гурӯҳи собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони барӯманди ноҳия расониданд.

Ҳайати корӣ аз аҳволи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳим Мирзоеви 97-сола бохабар гардиданд. Мавсуф рӯзгори пурбаракати хешро дар пешбурди ҷомеаи имрӯза сарф намудааст ва соҳиби чор нафар фарзанд низ мебошад. Ӯ аз ғамхории бемисли Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти давлат расонид, ки ҳамеша дар фикри собиқадорони меҳнат, хусусан, иштирокчиёни ҶБВ ҳастанд.

Чуноне дар вохӯрӣ қайд шуд, давлату ҳукумат зери роҳбарии Пешвои миллат аз ҳаёту рӯзгори абармардоне, ки дар пешрафту шукуфоии ин сарзамини соҳибистиқлол саҳми босазо гузоштаанд, бохабар буда, барои беҳтар  гардидани шароити зисту зиндагонии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Фархор гурӯҳи корӣ ба хонадони Азизулло Афзалов, ки бештари умри хешро дар тарбияи насли наврас сарф намудааст, ташриф оварданд. Номбурда 75-сола буда, собиқадори соҳаи маориф низ мебошад. Кумаки моддии ба ин хонадон расонидашуда аз орду биринҷ, равғану шакар, пиёзу картошка ва дигар анвои хӯрданӣ иборат буд.

Сипас, бо иштироки аъзоёни ҳизб  дар маркази ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Хайринисо Юсуфӣ аҳли толорро барои саҳм гузоштан дар маъракаи муҳимми сиёсӣ ­- интихобот изҳори сипос намуд. Мавсуф илова кард, ки  мо мардуми сарбаланди кишвар бо талошҳои Сарвари давлат дар замоне ҳастем, ки давлатамон дар ҳоли рушд кардан қарор дорад. Бунёду сохтмони ҳазорон иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гувоҳи ҳамин гуфтаҳост.

Дар анҷоми вохӯрӣ вобаста ба камфаъолии ташкилотҳои ибтидоӣ нигаронӣ  карда шуд. Баъдан дастур дода шуд, ки дар ин самт масъулон бояд фаъол бошанд ва дар якҷоягию ҳамдастӣ корро ҷоннок намоянд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg