БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-роҳ ба сӯи ормонҳои миллӣ

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар  муассисаҳо, корхонаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия ташкил шудаанд оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судмандро баргузор менамояд.

Вобаста ба ин бо сокинони маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ дар атрофи масъалаҳои болозикр вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби васеъи вакилони маҳаллӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардид.

Сараввал масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони  маҳалла ба иштирокдорон пешкаш намуда буданд, дидан карда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

Баъдан Муҳаммаддовуд Ҳалимов дар назди ҷамъомадагон оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки дар Паёми навбатии Пешволи миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, суханронӣ намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дигар баромадкунандагон низ дар назди сокинон фикру мулоҳизаҳои хешро  баён карда, онҳоро барои саҳм гузоштанд дар ободову хуррамгардонии Ватанамон раҳнамоӣ намуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg