БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободиву шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем!

Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи  мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба  барраси ва татбиқи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати боз ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи  омма барои  амалӣ  кардани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии   “Нафака”  бо  иштироки кормандон ва  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   Алиева  Сураё  вохӯрӣ баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии номбурда Мадалиев  Шарифхон   кушода,   мақсад  аз баргузории вохӯриро ба иштирокдорон  фаҳмонид.  Алиева  Сураё нуктаҳои  асосии  Паёми   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ-ҳизби   созандаю  бунёдкор,  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро баррасӣ карда,  ҷиҳати    пешгири аз омилҳои  ба  вуҷудоварандаи  коррупсия, истифодаи  нодурусти   технологияи   муосир, пешгирии   аҳолӣ  аз  бемориҳои  сироятӣ, тарбияи ҷавонон  дар  руҳияи  ватандӯстӣ,  ҷалби  онҳо   ба  хизмати  ҳарбӣ, ба  роҳ мондани  корҳои хонагӣ, ривоҷ  додани   соҳибкорию хоҷагидорӣ, огоҳонидани мардум аз вазъи  ноороми  ҷаҳони  муосир, пешгирӣ   аз  хатарҳои  ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ суханронӣ намуд.

Дар охир мавсуф афзуд, ки мо масъулини соҳа  ва  фаъолони  ҳизб бо  мардум дар  маҳалҳо ва муассисаҳои  таълимии ноҳия  ҳамкориро  густариш   диҳем,  иртиботи  худро  бо  деҳот  пурзӯр  намоем ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат  равона  созем. 

 Инчунин, масъулин ба  суолу  дархостҳои  ҷамъомадагон ҷавобҳои  қаноатбахшу  саҳеҳ гардониданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg