БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЁ РОҲИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВУҶУД ДОРАД?

АНДЕША. Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон, пеш аз ҳама, куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ-занон, кӯдакон, пиронсолон,  хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматӣ, бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хонумон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гӯшношунид пеши назар меояд.

Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки гуфта буд: “ Тероррист Ватан, миллат, дину  мазҳаб надорад”.

Агар террорист ба қадри Ватан мерасид, ба гуфтаи Худою Расул амал мекард, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато намерафт.

Маълум аст,  ки қисме аз ҷавононе, ки  дар масоили динию дунявӣ дониши кофӣ надоранд, ба осонӣ  фирефтаи ҳиллаю найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро  мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд аз мардумозор безор аст. Дар мардум ҳам сухани пандомӯз ҳаст, ки сарбур, яъне одамкуш рӯи ҷаннат намебинад. Бисёр таассуфовар аст, ки ҷавононе, ки ба ин роҳи хато мераванд, худро “мусулмони комил” мешуморанд ва боз дигар ҷавононро бероҳа намуда, ба ҷиҳод даъват мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст ва  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ҳам ба ҷаҳониён таъкид намуд, ки  “номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку  нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувват гирифтаистода  ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”.

Суоле ба миён меояд, ки  оё мо метавонем, пеши роҳи шомилшавии ҷавононамонро ба чунин равияҳои тундгаро пешгирӣ намоем?  Албатта, метавонем. Дар сурате, ки падару модарон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро  дар амал иҷро намоянд. Зеро танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ ва хеш истифода намояд.

Ҳамчунин, корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва алалхусус, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ тақвият бахшидан зарур аст, то ки шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёбанд.

Вақте ки ҷавонон моҳияти аслии терроризмро мефаҳманд, дар бораи мақсаду мароми он маълумот пайдо менамоянд, вақте медонанд, ки чунин амалҳо дар назди Худо ва қонун амали нобахшиданӣ  ва ҷиноят ба ҳисоб меравад, вақте қадри Ватан, дину мазҳаб, падару модар, тинҷию осудагӣ,  зиндагии осоиштаро дарк менамоянд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.

Мо-калонсолон, падару модарон дар ин замони пуртазод чунин масъулияти ҷиддӣ - тарбияи дурусти ҷавононро ба дӯш дорем ва моро мебояд, ки ин масъулиятро ҳар соату дақиқа аз худ дур нанамоем. Танҳо ва танҳо бо ин роҳ мо ворисони арзанда ва сазовори ояндаи  давлату миллат, Ватан ва хешро ба воя расонида метавонем.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg