
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуд.
Дар семинар-машварати мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин ва Ҷумаев Алиҷон иштирок дошта, доир ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Баъдан ба иштиродорон ҳуҷҷати таҳкими низоми ҳаракати ҳизбиро дастрас карда, даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ талош варзанд.
Дар охири семинари дастурдиҳӣ Абдуллоев Ваҳобиддин ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардонид.