
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Исмоилов Исматулло ва Ӯзбеков Нусратулло дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Бадахшон” вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъулин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла авҷи дуюми бемории сироятии коронавирус таъкид карда шуд, ки сокинон худро бо риояи талаботи қуоидаҳои беҳдоштӣ эҳтиёт намоянд. Инчунин, вакилони мардумӣ дар идомаи мулоқот доир ба Аксияи ҳизбии «Деҳаи ман», ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободию созандагӣ бахшида шудааст ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои сазовор шудан ба деҳаи намунавӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ дар рушди деҳот бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.