БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таъминоти бехатраии озуқа” бо иштироки кормандони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, яъне тозакунии сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, тарғиби  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи Акзияҳои ҳизбӣ суҳбату мулоқот баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф иброз намуд, ки барои танзими ҳаракати аъзои ҳизб ҳар як ташкилоти ибтидоиро таҳлилу баррасӣ намуда,  аъзои ҳизбро бо ҳисоботҳои оморӣ муқоиса ва онро мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф  вобаста ба  тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ  сухан гуфта, афзуд, ки мо дар якҷоягӣ бояд камари ҳиммат баста, барои сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоем.

Дар охир аъзои ташкилотро мавриди санҷиш қарор дода, як қатор корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg