БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

АНДЕША. Парчам ва парчамдорӣ анъанаи мардуми рӯи олам маҳсуб ёфта, таърихи бисёрҳазорсола дорад. Бинобар иттилои муррихон аввалин парчами миллати тоҷик «Дирафши Ковиён» аз ҷумлаи қадимтарин парчамҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, ормонҳои миллӣ, ягонагии миллат ва давлатиро ифода менамуд. Парчами давлатии имрӯзаи тоҷикон ифодагарии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он аз рангҳои сурх, сафед, сабз иборат буда, дар мобайнаш расми тоҷ ва ҳафт ситора тасвир шудааст, ки таърихан ба миллати тоҷик тааллуқ дорад. Ва рангҳои гуногуни парчам дар асоси орзую ормонҳои миллати тоҷик 24-ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Ва шукронаи Истиқлолияти давлатӣ мекунем, ки имрӯз парчами мо тоҷикон  дар назди бинои СММ ва садҳо дигар давлатҳои ба мо дӯсту бародар парафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин барои мо шараф аст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ парчами тоҷикон тасвирҳое доштанд, ки хоси давлатҳои ҳамонвақта буданд. Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами тоҷикон ва дигар давлатҳои аъзои он дар асоси парчами ИҶШС ранги сурх доштанд ва рамзҳои дар он тасвиршуда хоси давлатдории шӯравиро таҷассум менамуд.

Агар мо ба истиқлолияти сиёсӣ намерасидем маълум буд, ки наметавонистем дорои Парчам ва дигар рамзҳои давлатдорӣ бошем. Имрӯз мо мебинем, ки парчами давлати соҳибистиқлоли мо  дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар давлатҳо парфшонӣ мекунад ва бо ин восита давлату миллати тоҷикро байни дигар халқиятҳо муаррифӣ менамояд.

Ҳабибулло Файзуллоев, вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg