БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ПОСДОРАНДАИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки Парчами миллӣ рамзи сулҳу субот, пойдории давлати соҳибистиқлол, умед ба ояндаи дурахшони мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Ҳамазамон, ба хонандагон аз тарафи масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд ва қайд гардид, ки риоя намудани ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ин барои саломатии худи шахс ва ҷомеа муфид мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg