ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Беморхонаи №5”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоӣ Саидов Муҳаммадҷон ҳамагонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст ва эҳтиром ва гироми доштани ин муқаддасоти миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Дар идома масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, ифтихору иқболи ватандорист. Тамоми чорабиниҳои давлатию байналмилалӣ бо манзуру намоиши парчам сурат гирифта, давлати Тоҷикистонро ба ҳамагон муаррифӣ менамояд.