ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи "Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ"-ро дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада, ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ моҳияти ҳаракати ҳизбиро фаҳмонид.
Баъдан Худойдод Ёров корманди масъули Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ақидаи хешро иброз намуда, гуфт, ки барои татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ аз ҳар як аъзои ҳизб масъулияти баландро тақозо менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки мазмуну мухтавои семинар- машварати мазкур ба ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фахмонида шуд.