БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФОДАКУНАНДАИ АЗМУ ИРОДАИ УСТУВОРИ МАРДУМ

ШАҲРИТУЗ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  ва аъзои волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ливои мост- ливои халқ”-ро  дар назди ташкилотҳои ибтидоии “Маркази саломатӣ” ва “Сохтори госпиталӣ” баргузор карданд.

Дар рафти Аксияи мазкур шахсони масъул зимнан вобаста ба таърихи Парчами миллӣ  андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат бояд мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як  фарди миллат қарор бигирад, зеро Парчам  ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат ва давлатдории он гувоҳӣ медод. Баъдан ба иштирокдорони чорабинӣ  бо суханҳои  табрикотӣ маводҳои таблиғотӣ ва парчамчаҳо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ туҳфа карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg